LIVE

«Интер»-и Милан бо ҳисоби 6:0 «Латсио»-ро шикаст дод

Бозии даври 16-уми Серия Аи Италия, ки дар он дастаҳои  «Латсио» ва «Интер Милан» вохӯрданд, дар варзишгоҳи Олимпикои шаҳри Рим  ба ҳисоби 6:0 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт.
Италия - Серияи А. Даври 16-ум
17 декабри соли 2024, Сешанбе. Соати 00-45 бо вақти Душанбе
“Латсио” (Рим) 0 : 6 “Интер” (Милан)
0:1 Чалханоглу - 41' 0:2 Димарко - 45' 0:3 Барелла - 51' 0:4 Дюмфрис - 53' 0:5 Аугусто - 77' 0:6 Турам - 90
Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 41-ум нимҳимоятгари “Интер” Ҳокан Чалҳоноғлу аз зарбаи ҷаримаи 11-метра боз кард. Дар дақиқаи 45-ум Федерико Димарко ҳисобро дучанд намуд. Дар дақиқаи 51-ум бошад Николо Барелла ҳисоби бозиро се бар сифр намуд.  Дар дақиқаи 53-юм Дензел Дюмфрис голи чаҳоруми дастаи худро ба самар расонид. Дар дақиқаи 77-ум Карлос Аугусто голи панҷумини беҷавобро вориди дарвозаи ҳариф намуд. Дар дақиқаи 90-ум бошад Маркус Тюрам ҳисобро шаш бар сифр намуд.
«Латсио» дар ҷадвали Серияи А-и Италия дар ҷои панҷум буда, «Интер» баъди 15 бозй бо 34 хол  дар зинаи сеюм аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив