Дирӯз, 27-уми октябр бозӣ миёни «Интер» ва «Ювентус» дар варзишгоҳи Ҷузеппе меатзаи шаҳри Милан бо ҳисоби 4:4 хотима ёфт. Ҳамин тариқ, дастаҳо дар Милан бори аввал аз моҳи октябри соли 2021 холҳоро миёни ҳам қисмат карданд.
Италия - Серияи А. Даври 9-ум
27-уми октябри соли 2024, якшанбе. 22:00 бо вақти Душанбе
“Интер” (Милан) 4:4 “Ювентус” “Турин)
1:0 Зелински – 15’ 1:1 Влахович – 20’ 1:2 Веа – 26’ 2:2 Мхитарян – 35’ 3:2 Зелински – 37’ (П) 3-2 4-2 Дюмфрис 53’ 4:3 Йилдиз – 71’ 4 :4 Йилдиз – 82'
Дар дақиқаи 15-ум нимҳимоятгари «Интер» Петр Зелински аз зарбаи пеналтӣ ҳисобро боз кард. Голи ҷавобии “Ювентус”-ро ҳамлагар Душан Влахович дар дақиқаи 20-ум ба самар расонд. Нимҳимоятгар Тимоти Веа меҳмононро ба пеш овард. Дар дакикаи 35-ум бозигари ҷониби “бянконерҳо” Генрих Мхитарян гол зад. Баъди ду дакика Зелински дар ин рақобат пеналтии дуюми мизбононро ба самар расонд. Дензел Дюмфрис бошад бартарии ҳисобии дастаи шаҳри Миланро зиёд кард. Дар дақиқаи 71-ум ҷониби сиёҳу сафедҳо Кенан Йилдиз голи сеюми меҳмононро ба самар расонид. Сипас дар дақиқаи 82-юм голи дуюми Йилдиз барои тимаш мусовӣ овард.
Пас аз нӯҳ бозӣ "Интер" 18 имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали Серия А дар мавсими 2024/2025 дар ҷои дуюм аст. "Ювентус" бошад пас аз ҳамин қадар бозӣ бо касби 17 имтиёз дар ҷои сеюм мебошад. Наполи бо 22 имтиёз дар ҷои аввал қарор дорад.