LIVE

Рафиня дар «Барселона» аз Месси ва Неймар пеш гузашт

Бозигари канории “нилунориҳо” Рафиня аз чеҳраҳои дастони таърихи «блаугранас» - Лионел Месси ва Неймар аз рӯи нишондиҳандаи муҳими оморӣ пеш гузашт.
Ҳамин тариқ, Рафиня аз рӯи таносуби дақиқаҳои бозӣ нисбати голҳо дар Лигаи Чемпионҳо беҳтарин футболбози “Барселона” дар таърих аст. Ҳангоми тартиб додани раддабандии мазкур танҳо бозигароне ба инобат гирифта шуданд, ки беш аз 1 ҳазор дақиқа дар майдон гузаронидаанд. Бозигари бразилӣ баҳри ҳар голи хеш 75 дақиқа вақт сарф мекунад.
Рӯйхати бозигарони беҳтарини “Барселона” аз рӯи таносуби дақиқаҳои бозӣ ва голҳои задашуда дар Лигаи Чемпионҳо:
Рафиня - 75 дақиқа барои 1 гол.
Лионел Месси - 80 дақиқа барои 1 гол.
Неймар - 95 дақиқа барои 1 гол.
Христо Стоичков - 97 дақиқа барои 1 гол.
Роберт Левандовски - 101 дақиқа барои 1 гол.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив