LIVE

«Барса» барои Рафиня 70 млн € маблағ пардохт мекунад

"Барселона"-и испанӣ омода аст барои ҳамлагари "Лидс" Рафиня бо назардошти мукофотпулӣ 72 миллион евро пардохт кунад. "Лидс" расман ин пешниҳодро қабул хоҳад кард. 
Рафиняи 25-сола, орзуи бозӣ кардан дар “Барселона”-ро дорад.   Қаблан хабар дода шуда буд, ки футболбози бразилӣ барои гузаштан ба бошгоҳи Испания пешниҳодҳои дастаҳои дигарро рад кардааст.
Рафиня соли 2020 аз “Ренн” ба маблағи 18,6 миллион евро ба “Лидс” гузашт. Аз он вақт инҷониб ҳамлагар 67 бозӣ анҷом дода, 17 гол ва 12 ассист кардааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив