LIVE

"Барса" дар мубориза барои Рафиня ғолиб шуд

Ҳуҷумкунандаи тими "Лидс"  Рафиня бо "Барселона" барои имзои шартнома ба мувофиқа расиданд.

Тавре хабарнигори маъруфи итолиёвӣ Николо Скира дар Твиттери худ хабар медиҳад, шартномаи бразилиии 25-сола бо бошгоҳи каталонӣ то тобистони соли 2027 эътибор дорад. Маоши ин ҳамлагар дар як сол 6 миллион евро хоҳад буд. "Барселона" барои интиқоли Рафиня ба тими англисӣ тақрибан 55 миллион евро пардохт мекунад.

Рафиня Рафаэл Диас Беллоли дар мавсими гузашта дар ҳайати “Лидс” дар ҳама мусобиқаҳо 36 бозӣ анҷом дод. Ӯ 11 гол ва 3 партофти головар кардааст. Шартномаи нимҳимоятгари бразилӣ бо бошгоҳи англисӣ то 30 июни соли 2024 баста шудааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ба гузариши нимҳимоятгари 25-солаи бразилӣ сармураббӣ Хави шахсан таваҷҷуҳ дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив