LIVE

"Реал" барои ситораи "Милан" 120 млн евро пешниҳод кард

Ҳамлагари "Милан" - Рафаэл Леау метавонад бозигари "Реал" шавад. Мадридиҳо барои португалӣ тақрибан 120 миллион евро пешниҳод мекунанд. Маблағи ҷубронии форварди мазкур 150 миллион евро аст. Шартномаи Рафаэл бо «Милан» соли 2024 ба охир мерасад, миланиҳо мехоҳанд, шартномаро барои ду соли дигар тамдид кунанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки рӯзҳои охир Лео аз клуби хориҷӣ пешниҳоди ҷолиб гирифтааст. “Милан” намехоҳад, ки ҳамлагарро ба маблағи камтар аз 70-80 миллион евро бифурӯшад. Лео дар бошгоҳи итолиёвӣ аз соли 2019 бозӣ мекунад ва аз “Лилл” ба маблағи 29,5 миллион евро кӯчидааст. Шартномаи бозигар бо "Милан" то моҳи июни соли 2024 баста шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив