LIVE

Калвин Филлип аз «Лидс» ба «Манчестер Сити» гузариш кард

«Манчестер Сити» аз гузариши ниммуҳофизатгари дастаи «Лидс Юнайтед» - Калвин Филлип хабар дод. 
Дар шабакаҳои иҷтимоии бошгоҳ аксу наворҳо бо муаррифии футболбози нави даста пайдо шуданд. Барои нимҳимоятгари тими миллии Англия қаҳрамонони феълии кишвар 48,7 миллион евро пардохт намуд. Шартнома барои шаш сол баста шуд. Калвин дар клуби нав рақами чорро гирифт.
Мувофиқи маълумоти Transfermarkt арзиши бозории Филлипс 50 миллион евроро ташкил медиҳад. Ӯ тарбиягирифтаи академияи “Лидс Юнайтед” аст ва дар ҳайати даста 233 бозӣ карда, 13 гол задааст ва 14 партофти головар низ дорад.  Калвин Филлипс дар ҳайати мунтахаби Англия 22 бозӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив