LIVE

«ПСЖ» талабгори Рэшфорд шудааст

«ПСЖ» ба ҳамлагари «Манчестер Юнайтед» - Маркус Рэшфорд таваҷҷуҳ дорад. The Independent навиштааст.
Ба иттилои сарчашма сармураббии парижиҳо Томас Тухел дар фикри он аст, ки футболбози  22 солаи мунтахаби Англия дар тими ӯ метавонад бозигари калидӣ бошад. «МЮ» барои ин дастпарвари худ 100 миллион фунт мехоҳад. 
Дар мавсими солҳои 2019/20 Рэшфорд дар ҳайати «Манчестер Юнайтед» 38 маротиба ба майдон баромада, ба задани 21 гол ва 10 партофти головар гардидааст. Transfermarkt.com арзиши ин форвардро 57,6 миллион фунт эълон кардааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив