LIVE

Лукаку 107 миллион еврои "Челси"-ро ғорат кард

Ҳамлагари "Челси" - Ромелу Лукаку ба таври иҷора дар "Интер" бозӣ мекунад.  
Тарафҳо ба созиш расиданд, ки бар асоси он футболбози мунтахаби Белгия то тобистони соли 2023 дар ҳайати миланиҳо бозӣ мекунад. Ҳамзамон "Интер" ҳақи ба таври пурра  харидорӣ кардани Лукакуро надорад. 
Ёдовар мешавем, ки Лукаку тобистони соли 2021 бозигари дастаи “Челси” шуд ва қаблан ӯ дар тими "Интер" бозӣ мекард. Шартномаи феълии Лукаку бо бошгоҳи англисӣ то 30 июни соли 2026 амал мекунад.
Лондониҳо барои интиқоли ин ҳамлагар ба "Интер" 115 миллион евро пардохт карда буданд. Аммо бо гузашти як мавсим ҳамлагари мазкур дар "Челси" бозӣ кардан намехост ва дубора ба Италия баргашт. Пештар хабар дода шуда буд, ки итолиёвиҳо барои иҷораи яксолаи Ромелу бояд 8 миллион евро пардохт кунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив