LIVE

Хет-трики Лионел Месси ба дарвозаи мунтахаби Кюрасао

Хет-трики Лионел Месси ба Аргентина кӯмак кард, то бар мунтахаби Кюрасаоро бо ҳисоби калон пирӯз шавад. Дастаҳои мунтахаби Аргентина ва Кюрасао дар доираи бозии дӯстона бо ҳам вохӯрданд. Дар ин дидор Аргентина бо хисоби 7:0 ғалаба кард.

Дар дақиқаи 20-уми бозӣ ҳамлагари дастаи «Пари Сен-Жермен» Лионел Месси бо голҳо ҳисобро боз кард. Пас аз се дақиқа Николас Гонсалес ҳисобро дучанд кард. Дар дақиқаи 33-юм Месси дубл кард. Дар дақиқаи 35-уми бозӣ Энтсо Фернандес пас аз паси Месси гол зад. Баъди ду дақиқа Месси дар ин бозӣ голи сеюмро зад.

Анхел Ди Мария дар дақиқаи 78-ум аз пеналтӣ муаллифи гол шуд. Гонсало Монтиел дар дақиқаи 87-ум ҳисоби ниҳоиро гузошт. Лионел Месси аз соли 2005 ба тими миллии Аргентина даъват шудааст ва голзани беҳтарини он аст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив