LIVE

Салоҳ довталаби асосӣ дар гирифтани "Тӯби тиллоӣ-2025" аст

Сомонаи маъруфи бритониёии Goal.com раддабандии иборат аз 15 футболбозро тартиб додааст, ки айни ҳол довталабони асосӣ барои дарёфти ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ-2025" ҳастанд. Дар ин феҳрист бозигари канории "Ливерпул" Муҳаммад Салоҳ ҷои аввалро ишғол мекунад. Дар зинаи дуюм ҳамлагари «Барселона» Роберт Левандовски қарор дошта, нимҳимоятгари дастаи “блаугранас” Рафиня дар мақоми сеюми ин рӯйхат мебошад.
Тибқи иттилои Goal.com, 15 номзади беҳтарин барои ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ-2025" инҳоянд:
Муҳаммад Салоҳ («Ливерпул»);
Роберт Левандовски («Барселона»);
Рафиня (Барселона);
Винисиус Жуниор («Реал Мадрид»);
Ҷамол Мусиала («Бавария»);
Ламин Ямал (Барселона);
Эрлинг Ҳоланд («Манчестер Сити»);
Ҳарри Кейн («Бавария»);
Виктор Дёкереш («Спортинг»);
Килиан Мбаппе («Реал Мадрид»);
Флориан Виртс (Байер)
Букайо Сака («Арсенал»);
Коул Палмер («Челси»);
Умар Мармуш («Айнтрахт Франкфурт»);
Кристиан Пулишич (Милан).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив