LIVE

Месси се моҳ боз гол зада наметавонад

Ҳамлагари “Барселона”- Лионел Месси давраи мушкилоти норасоии голро аз сар мегузаронад. Се моҳ аст, ки капитани “нилунориҳо” аз майдон гол зада наметавонад ва ба дарвозаи ҳарифон танҳо аз пеналтӣ зарба мезанад. Охирин бор Лео тӯбро беруни дарвозаи 11-метра дар бозии марҳилаи 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо ба дарвозаи “Наполи” рӯзи 8-уми август ба самар расонида буд. Аз он вақт, Месси дар нӯҳ вохӯрӣ бо “Барселона” ва ду бозии дигар дар ҳайати тими миллии Аргентина ширкат варзид. Дар ин бозиҳо ӯ дар маҷмӯъ 1057 дақиқа дар майдон буд ва чор гол зад, ки  ҳамааш аз пеналтӣ ба қайд гирифта шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив