LIVE

Левандовски дастоварди Месси ва Роналдуро такрор кард

Ҳамлагари «Бавария» Роберт Левандовски дар таърихи Лигаи Чемпионҳо (вақти байни голҳои якум ва сеюм) яке аз тезтарин хет-трикҳоро ба номаш муҳр зад, ки дар бозии ҷавобии 1/8 финал бо "Залтсбург" ноил шуд.
Барои задани хет-трик ба ҳамлагари полшагӣ 11 дақиқа байни голҳои якум ва сеюм лозим шуд. Аз ҷиҳати вақт вай танҳо ба Майк Нюелл (9 дақиқа бо "Розенборг") ва Бафетимби Гомис (8 дақиқа бо «Динамо» Загреб) мағлуб шуд.
Ҳамлагари "Бавария" Роберт Левандовски панҷумин бозигаре шуд, ки дар як мавсими Лигаи Чемпионҳо ду ё зиёда хет-трик кардааст, хабар медиҳад сомонаи расмии УЕФА.

Қаблан, Криштиану Роналду ин корро карда буд (2015/16, 2016/17); Лионел Месси (2011/12, 2016/17); Луис Адриано (2014/15); Марио Гомес (2011/12).

Дар бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо «Бавария» бар «Ред Булл Залтсбург» бо ҳисоби 7:1 ғалаба кард ва ба даври чорякфиналии мусобиқа роҳ ёфт. Левандовски то дақиқаи 23-юм 3 гол зада, як ассист низ кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив