LIVE

Левандовски дар финал гол назад, вале бозигари таърихӣ шуд

Бино ба иттилои Gracenote Live ҳамлагари "Бавария" - Роберт Левандовски аввалин футболбозе гардид, ки  дар таърихи футбол дар се мусобиқае, ки дастааш зафар ёфт, беҳтарин голандоз гардид.
Ҳамлагари полшагӣ дар мавсими гузашта чемпионати Олмонро ба даст оварда, 34 гол ба ҳадаф расонид. Ӯ дар барандаи Ҷоми Олмон шуд, ки дар он низ бо 6 гол мақоми аввали нишонзанҳоро ишғол кард.  Роберт Левандовски инчунин ғолиби Лигаи Чемпионҳо шудааст.  Ӯ дар 11 бозӣ ба задани 15 гол даст ёфт, ки бо чунин нишондод вай дар феҳристини нишонзанҳо мақоми аввалро ишғол намуд. То ба ҳол чунин дастоварди назаррасро касе ба қайд нагирифта буд. Дар маҷмуъ ҳамлагари мазкур дар ин се мусобиқа 55 гол зад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив