LIVE

Роналду баъди 920-умин голаш дар бозӣ зидди «Ал-Фотеҳ» чӣ гуфт?

Ҳамлагари «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ Криштиану Роналду оиди бозии даври 17-уми  Про-Лигаи Арабистони Саудӣ дар мавсими 2024/2025 бо «Ал-Фатеҳ» (3:1) сӯҳбат кард. Ҳамлагари португалӣ як гол ба самар расонида буд.
Арабистони Саудӣ – Про-лига. Даври 17-ум
26 январи соли 2025, якшанбе. 22:00 бо вақти Душанбе
“Ал Наср” (Риёз) 3:1 “Ал Фотеҳ” (Ал Мубарраз)
1:0 Садане – 41'     2:0 Симакан – 57'     2:1 Батна – 72'     3:1 Роналду – 87'
"Мо иктифо намекунем"- навиштааст Роналду дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Криштиану Роналду аввалин футболбоз дар таърих шуд, ки дар бозиҳои расмӣ 920 маротиба гол задааст. Роналду 5 голро дар тими «Спортинг», 145 гол дар сафи «Манчестер Юнайтед», 450 гол дар ҳайати «Реал Мадрид», 101 гол вақти бозӣ кардан дар сафи «Ювентус», 85 гол замони бозӣ дар «Ал Наср» ва 134 гол дар тими миллӣ ба самар расонидааст. Ҳамлагари номбурда беҳтарин нишонзан дар таърихи футбол, дастаҳои миллӣ, Чемпионати Аврупо, Лигаи қаҳрамонҳо ва Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив