LIVE

Роналду баъди пирӯзии «Ал-Наср» муқобили «Ал-Иттиҳод»-и Бензема чӣ гуфт?

Ҳамлавари «Ал-Наср» Криштиану Роналду пирӯзии дастаи хешро дар бозии даври 17-уми Про-лигаи саудӣ зидди  «Ал-Иттихҳод» (5:2) шарҳ дод. Бозигари португалӣ дар ин бозӣ ба задани ду гол даст ёфт.
«Пирӯзии муҳим! Мо нахоҳем истод!» — навиштааст Роналду дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ.
Ёдрас мекунем, ки Роналду дар сафи «Ал-Наср» аз моҳи январи соли 2023 баромад намуда, қарордоди кории ӯ бо бошгоҳ то соли 2025 мӯҳлат дорад. Мавсими ҷорӣ Роналду дар сафи «Ал-Наср» 24 бозӣ дар ҳамаи мусобиқаҳо гузаронида,  23 голу 11 партофти голӣ ба омор гирифтааст.
«Ал-Наср» дар зинаи дуюми ҷадвали чемпионати Арабистони Саудӣ бо 43 хол аз 18 бозӣ қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив