Бозии даври 14-уми Чемпионати Арабистони Саудӣ, ки дар он дастаҳои «Ал-Наср» ва «Ал-Охдуд» вохӯрданд, дар варзишгоҳи Ал-Аввал Парк дар шаҳри Риёз бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.
Арабистони Саудӣ – Про-Лига . Даври 14-ум
09 январи соли 2025, панҷшанбе. 22:00 бо вақти Душанбе
“Ал Наср” (Риёз) 3:1 “Ал-Охдуд” (Наҷрон)
0:1 Годвин – 6' 1:1 Мане – 29' 2:1 Роналду – 42' 3:1 Мане – 88'
Дар дақиқаи шашум ҳуҷумгари «Ал-Оҳдуд» Савиур Годвин ҳисоби бозиро кушод. Дар дақиқаи 29-ум ҳамлагари мизбонон Садио Мане мувозинати рақобатро барқарор кард. Дар охири қисми аввал ҳамлагар Криштиану Роналду аз ҷаримаи 11-метра гол зада, “Ал-Наср”-ро пешбарӣ кард. Дар дақиқаи 88-ум Мане голи дуюмро ба самар расонид.
Дастаи "Ал-Наср" дар ҷадвали мусобиқаи Лигаи Pro дар ҷои чорум қарор дорад. Даста аз 14 бозй 28 хол гирифта, “Ал-Оҳдуд” 12 хол бо 12 хол дар зинаи 14-ум мебошад.