Дастаи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ ба бозигарони худ ба ифтихори Рӯзи Мавлуди Исои Масеҳ автомобили ширкати BMW тӯҳфа кард. Дар ин бора Footmercato хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳар як бозигари клуб як мошини гаронбаҳои BMW-и навтарин, ки аз 155 ҳазор евро арзиш дорад, дарёфт кардаанд.
Қаблан Криштиану Роналду аввалин футболбоз дар таърих шуда буд, ки дар бозиҳои расмӣ 916 гол зад. Роналду 5 гол дар тими "Спортинг", 145 гол дар "Манчестер Юнайтед", 450 гол дар "Реал Мадрид", 101 гол дар "Ювентус", 81 гол дар тими "Ал Наср" ва 134 гол дар тими миллии Португалия ба самар расонидааст.
Криш беҳтарин нишонзан дар таърихи футбол, дастаҳои миллӣ, Чемпионати Аврупо, Лигаи қаҳрамонҳо ва Ҷоми ҷаҳонии клубҳо мебошад.