Ҳамлагар ва сарвони бошгоҳи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ ва тими миллии Португалия Криштиану Роналду пас аз бозии даври 9-уми Про-Лигаи Арабистони Саудӣ бо «Ал-Ҳилол», ки бо натиҷаи мусовӣ (1:1) анҷом ёфт, ба мухлисон муроҷиат кард.
Про -Лигаи Арабистони Саудӣ. Даври 9-ум
01-уми ноябри соли 2024, ҷумъа. 23:00 бо вақти Душанбе
“Ал Наср” 1:1 “Ал-Ҳилол”
1:0 Талиска – 1' 1:1 Милинкович-Савич – 77'
"Набард ба охир нарасидааст. Ташаккур ба ҳама барои дастгирии имрӯзаатон!” - навиштааст ҳамлагари португалӣ дар саҳифаи шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter).
Ёдовар мешавем, ки дар дақиқаи аввали рақобат нимҳимоятгари “Ал-Наср” Андерсон Талиска ҳисобро боз кард. Аз рӯи натиҷаи 9 бозӣ «Ал-Наср» дар ҷадвали мусобиқот дар ҷои сеюм қарор дорад. «Ал-Ҳилол» пас аз 9 бозӣ пешсафи чемпионати Арабистони Саудӣ мебошад. Дастаи «Ал-Наср» бозии навбатии худро 5-уми ноябр дар майдони худ бо тими «Ал-Айн» дар доираи даври 4-уми сабқати элитаи Лигаи қаҳрамонҳои AFC анҷом медиҳад.