LIVE

Корти сурхи Роналду ва пирӯзии “Ал-Ҳилол” дар дербии шаҳри Риёз

Дербии шаҳри Риёз дар Суперҷоми Арабистони Саудӣ ба фоидаи “Ал-Ҳилол” анҷом ёфт
Дар даври нимниҳоии Суперҷоми Арабистони Саудӣ «Ал-Ҳилол» бар тими «Ал-Наср» пирӯз шуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Муҳаммад бин Зайд»-и Абу-Дабии АМА баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт.
Ҳисобро дар ҷараёни вохӯрӣ нахуст бозигарони “Ал-Наср” бо голи Отавио боз карданд, лек довар бинобар ҳолати нобозӣ голро ба инобат нагирифт. Салим Ал –Давсари аз ҳайати “Ал-Ҳилол” дар идома ҳисобро боз кард. Баъдан бо як зарбаи нишонрас Малком ҳисобро дуболо намуд.
Ситораи португалии тими “Ал-Наср” дар дақиқаи 86-уми бозӣ бо Ал- Булайҳи дарафтод ва бо мушт ба қафаси синаи ӯ зад ва довар корти сурхи мустақимро ба Криш нишон дод. Садио Мане дар дақиқаи 90+9 ягона голи “Ал-Наср”-ро дар ин бозӣ ба самар расонид.
Ёдовар мешавем, ки "Ал-Ҳилол" рӯзи 11-уми апрел дар бозии ниҳоии Суперҷоми Арабистони Саудӣ бо тими "Ал-Иттиҳод" бозӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки мухлисон баъди ронда шудани Роналду «Месси! Месси!» дода мезаданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив