LIVE

«Барселона» бар «Валенсия» бо ҳисоби 7:1 ғалаба кард

Бозии даври 21-уми  Ла Лигаи Испания, ки дар доираи он дастаҳои каталонии «Барселона» ва «Валенсия» вохӯрданд, дар варзишгоҳи Олимпик Люис Компанис дар шаҳри Барселона бо ҳисоби 7:1 ба нафъи мизбонон ба анҷом расид.
Испания - Примера. Даври 21
27 январи соли 2025, душанбе. 01:00 бо вақти Душанбе
“Барселона” (Барселона) 7:1 “Валенсия” (Валенсия)
1:0 Ф. де Йонг – 3’     2:0 Ф. Торрес – 8’     3:0 Рафиня – 14’     4:0 Лопес Мартин – 24’  5:0 Мартин 5:1 59 '     6:1 Левандовски – 66 ' 7:1 Таррега – 75'
Дар дақиқаи сеюм нимҳимоятгари дастаи «Барселона» Френки де Йонг аз партофти нимҳимоятгар Ламин Ямал ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи ҳаштум  Ферран Торрес бартарии «блаугранас»-ро афзун намуд. Дар дақиқаи 14-ум  Рафиня ҳисобро се бар сифр намуд. Нимҳимоятгар Фермин Лопес Мартин бошад дар дақиқаи 24-ум муаллифи голи чоруми тимаш гардид, дар ҳоле, ки дар дақиқаи 45+4-ум Рафиня аз дуюмин голи хеш истиқбол гирифт. Дар дақиқаи 59-ум бошад ҳамлагари  “Валенсия” Уго Дуро ба дарвозаи меҳмонон як голи ҷавобӣ зад. Роберт Левандовски дар дақиқаи 66-ум голи шашуми мизбононро ба самар расонида, дар дақиқаи 75-ум ҳимоятгари меҳмонон Сезар Таррега бо як худголе ҳисобии бозиро  7-1 намуд.
Пас аз 21 бозӣ «Барселона» бо 42 имтиёз дар зинаи сеюми ҷадвали Ла Лига қарор дошта,  «Валенсия» пас аз ҳамин миқдор бозиҳо бо 16 имтиёз ба даст овардааст ва  дар зинаи 19-ум қарор дорад.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив