Бозӣ дар даври 1/2 ниҳоии Суперҷоми Испания иштироки дастаҳои “Атлетик Билбао” ва “Барселона” дар варзишгоҳи “King Abdullah Sports City” дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор шуда, бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи “Барселона” анҷом ёфт.
Суперҷоми Испания. 1/2 финал
09 январи соли 2025, панҷшанбе. 00:00 бо вақти Душанбе
“Атлетик Б” (Билбао) 0 : 2 “Барселона” (Барселона)
0:1 Гави – 17' 0:2 Ямал – 52'
Ҳисоби бозӣ дар дақиқаи 17-ум бо голи нимҳимоятгари “Барселона” Гави аз партофти Алекс Балде боз шуд. Дар дақиқаи 53-юм бошад Ламин Ямал аз партофти Гави бартарии бошгоҳи каталониро афзун кард. Дар дақиқаи 82-юм ҳимоятгари «Атлетик» Оскар де Маркос голи аввалини мизбононро зад, аммо ба далели офсайд гол ҳисоб карда нашуд. Дар дақиқаи 86-ум нимҳимоятгари «Атлетик» Иняки Вилямс холи дастаашро кам кард, аммо пас аз тамошои наворҳои видеоӣ гол бекор карда шуд.
Дар натиҷаи ин бозӣ “Барселона” ба финали Суперҷоми Испания баромад, ки он 12 январ баргузор мешавад. Рақиби бошгоҳи каталонӣ имрӯз дар бозии “Реал Мадрид” ва “Малйорка” муайян хоҳад шуд.