Дарвозабони “Реал”-и Мадрид Тибо Куртуа баъди шикаст аз “Барселона” (0:4) дар даври 11-уми Ла Лига ҳамдастааш Андрей Лунинро дастгирӣ кард, хабар медиҳад Defensa Central.
Испания - Примера. Даври 11-ум
26-уми октябри соли 2024, якшанбе. 00:00 бо вақти Москва
“Реал Мадрид” (Мадрид) 0 : 4 “Барселона” (Барселона)
0:1 Левандовски – 54' 0:2 Левандовский – 56' 0:3 Ямал – 77' 0:4 Рафиня – 84'
Манбаъ хабар медиҳад, ки дарвозабони белгиягӣ айнан ба дарвозабони украинӣ чунин гуфтааст: "Голҳо бо айби Шумо нестанд ва садди роҳи онҳо шудан ғайриимкон буд." Худи Куртуа бо сабаби ҷароҳат дар ин бозӣ иштирок накард. Ҳамзамон Лунин дар ин бозй 3 маротиба дастаашро аз гол наҷот дод.
Ёдовар мешавем, ки дар дақиқаи 54-уми бозӣ ҳамлагари дастаи “Барселона” Роберт Левандовски дастаашро пеш баровард. Дар дақиқаи 56-ум Левандовски голи дуюми тимашро ба самар расонила, бартарии «Барселона»-ро дуболо намуд. Дар дақиқаи 78-уми бозӣ бошад бозигари канории меҳмонон Ламин Ямал голи сеюмро ба дарвозаи “Реал Мадрид” ворид намуд. Дар дақиқаи 84-ум Рафиня голи чаҳоруми “каталониҳо”-ро ба самар расонд.