LIVE

“Реал Мадрид” дар финали Суперҷоми Испания бо “Барселона” бозӣ мекунад

Бозии дуюми ниманиҳоии Суперҷоми Испания, ки дар он дастаҳои «Реал Мадрид» ва «Малйорка» вохӯрданд,  бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи “Лос-Бланкос” анчом ёфт.
Суперҷоми Испания. 1/2 финал
10 январи соли 2025, ҷумъа. 00:00 бо вақти Душанбе
“Реал Мадрид” (Мадрид) 3:0 “Малйорка” (Палма де Майорка)
1:0 Беллингхэм – 63'     2:0 Валенте – 90+3'     3:0 Родриго – 90+5
Дар дақиқаи 63-юм нимҳимоятгари дастаи “Реал Мадрид” Ҷуд Беллингем ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 90+3-юм бошад ҳимоятгари «Малйорка» Мартин Валиен ба дарвозаи худ гол зад. Дар дақиқаи 90+5-ум вингери “Лос-Бланкос” Родриго Гоес ҳисоби бозиро се бар сифр намуд.
Баъди ин ғалаба “Реал Мадрид” рӯзи 12-уми январ дар бозии ниҳоии Суперҷоми Испания бо дастаи “Барселона” рақобат мекунад. Рӯзи чаҳоршанбеи 8-уми январ бошад дар доираи нахустин бозии ниманиҳоии Суперҷоми Испания дастаи “Барселона” бар тими “Атлетик Билбао” бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив