Бозии даври 7-уми марҳилаи умумии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА, ки дар он дастаҳои «Бенфика»-и Лиссабон ва «Барселона»-и каталонӣ вохӯрданд, дар варзишгоҳи “Да Луж”-и шаҳри Лиссабон бо ҳисоби 5:4 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт.
Лигаи чемпионҳо. Марҳилаи умумӣ. Даври 7-ум
22 январи соли 2025, чоршанбе. 01:00 бо вақти Душанбе
“Бенфика” (Лиссабон, Португалия) 4:5 “Барселона” (Барселона, Испания)
1:0 Павлидис – 2’ 1:1 Левандовский – 13’ 2:1 Павлидис – 22’ 3:1 Павлидис – 30’ 2:3 Рафиня – 64’ 2:4 – Араухо 68’ 4:3 Левандовски – 78’ 4:4 Гарсия – 86' 4:5 Рафинья – 90+6'
Корти сурх: Кабрал – 90+8'
Дар оғози бозӣ ҳисобро ҳамлагари «Бенфика» Вангелис Павлидис кушода, дар дақиқаи 13-ум бошад ҳамлагари “Барселона” Роберт Левандовски аз ҷаримаи 11-метрӣ ҳисобро барқарор кард. Дар нимаи нимаи аввал Павлидис голи дуюми хешро ба самар расонида, дар дақиқаи 30-юм аллакай туби сеюми бозиро вориди дарвозаи каталониҳо намуд.
Дар дақиқаи 64-ум ҳуҷумкунандаи тими испанӣ Рафиня ҳисобро ду бар се намуд. Дар нимаи дуввуми рақобат ҳимоятгар Роналд Араухо ба дарвозаи худ гол зад. Дар дақиқаи 78-ум бошад Левандовски аз зарбаи ҷаримавӣ барои дувум муаллифи гол шуд. Дақиқаи 86-уми бошӣ ҳимоятгари «блаугранас» Эрик Гарсиа дар бозӣ мувозинатро барқарор кард. Дар дакикаи 90+6-ум Рафиня ба дарвозаи меҳмонон голи ғалабаоварро ба самар расонид.
Дар даври 8-уми марҳилаи умумии Лигаи Чемпионҳо «Барселона» бо «Аталанта» вомехӯрад. Дар навбати худ «Бенфика» бо «Ювентус» бозӣ мекунад. Вохурӣ рӯзи 29-уми январ соати 01:00 бо вақти Душанбе доир оғоз мешавад.