Рӯзи якшанбеи 12-уми январ “Барселона”-и каталонӣ дар бозии ниҳоии Суперҷоми Испания бар тими “Реал Мадрид” (5:2) пирӯз шуд. Ин аввалин ҷоизаи “блаугранас” таҳти роҳбарии Ҳанс-Дитер Флик аст.
Суперҷоми Испания. Финал
13 январи соли 2025, душанбе. 00:00 бо вақти Душанбе
“Реал Мадрид” (Мадрид) 2:5 “Барселона” (Барселона)
1:0 Мбаппе – 5' 1:1 Ямал – 22’ 1:2 Левандовски – 36’ 1:3 Рафинья – 39’ Балде 45+ 10' 1:4 Рафиня 48 1:5 2:5 Родриго – 60 '
Корти сурх: Шесни – 56'
Дар дақиқаи панҷум, ҳамлагари “Реал Мадрид” Килиан Мбаппе аз партофти ҳамлагар Винисиус Ҷуниор ҳисобро боз кард. Голи ҷавобии «Барселона»-ро дар дақиқаи 22-юм Ламин Ямал ба самар расонд. Дар дақиқаи 36-ум бошад худи Левандовски аз зарбаи ҷаримавии ёздаҳметра ба задани гол даст ёфт. Баъди се дакика Рафиня бартарии «блаугранас»-ро афзуд. Дар дақиқаи 45+10-ум ҳимоятгари бошгоҳи каталонӣ Алекс Балде ҳисобро ба ҳисоби 4:1 расонид. Дар дакикаи 48-ум Рафиня аз голи дуюми хеш истиқбол гирифт. Дар дақиқаи 57-ум бошад дарвозабони «Барселона» Войсех Шесни аз майдон хориҷ карда шуд. Дар дақиқаи 60-ум ҳамлагари «Лос-Бланкос» Родриго ҳисобро ба ба 2:5 расонид.
«Барселона» бошгоҳи аз ҳама ғолиби серҷоизадор дар Суперҷоми Испания мебошад. “Нилунориҳо” 15 маротиба соҳиби ҷоиза шудаанд. Дар ҷои дуюм Реал Мадрид (13) қарор дорад.