LIVE

Карло Анчелотти 11-умин бор аз «Барселона» шикаст хӯрд

Сармураббии итолиёвии “Реал Мадрид” Карло Анчелотти 11-умин бор дар маснади мураббии худ аз дастаи “Барселона” шикаст хӯрд. Анчелотти ҳамчунин бар “каталониҳо” 10 ғалаба ва 3 мусовӣ дорад.
Қобили қайд аст, ки мураббии итолиёвӣ ба ҳамин миқдор ҳамчунин аз «Интер» ва «Ювентус» мағлуб шудааст. Анчелотти дар маснади кории худ ҳеҷ гоҳ аз ягон дастаи дигар ин қадар зиёд мағлуб нашудааст.
Рӯзи якшанбеи 12 январ бозии ниҳоии Суперҷоми Испания баргузор шуд, ки дар он “Реал Мадрид” ва “Барселона”-и каталонӣ вохӯрданд. Ин дастаҳо дар варзишгоҳи «Кинг Абдуллоҳ Спортс Сити»-и шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ба ҳам омаданд. «Барселона» бар «Реал Мадрид» бо ҳисоби 5:2 пирӯз шуд.
Суперҷоми Испания. Финал
13 январи соли 2025, душанбе. 00:00 бо вақти Душанбе
“Реал Мадрид” (Мадрид) 2:5 “Барселона” (Барселона)
1:0 Мбаппе – 5'     1:1 Ямал – 22’     1:2 Левандовски – 36’     1:3 Рафинья – 39’      Балде 45+ 10' 1:4 Рафиня 48 1:5    2:5 Родриго – 60 '
Корти сурх:  Шесни – 56'

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив