LIVE

Анчелотти дар бораи рафтанаш ба Бразилия ҳарф зад

Сармураббии дастаи “Реал Мадрид” Карло Анчелотти ба савол дар бораи кор дар тими миллии Бразилия посух дод.

«Ман дар ин бора гап заданро дӯст намедорам. Мехоҳам дар "Реал Мадрид" бимонам, ман инро аллакай тасдиқ кардам" гуфтааст Анчелотти. 
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Анчелотти метавонад тими миллии Бразилияро раҳбарӣ кунад. Худи мураббии итолиёвии 63-сола гуфтааст, ки омода аст то охири фаъолияти мураббиаш бо "Реал Мадрид" кор кунад.

Анчелотти тобистони соли 2021 ба "Реал Мадрид" баргашт ва бо даста Ла Лига, Лигаи Чемпионҳо, Суперҷоми Аврупо, Ҷоми ҷаҳонии клубҳо ва Суперҷоми Испанияро ба даст овардааст. Шартномаи Анчелотти бо “Реал Мадрид” то тобистони соли 2024 баста шудааст.

«Реал Мадрид» дар Ла Лига аз пешсаф «Барселона» 11 имтиёз камтар дошта, дар зинаи дуюм қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив