LIVE

Карло Анчелотти тарки "Реал" мекунад, агар...

Агар «Реал Мадрид» дар мавсими имсола соҳиби ҷоиза нашавад, Карло Анчелотти дастадастаро тарк мекунад.

Тобистони соли гузашта мураббии бошгоҳи шаҳри Мадрид гуфта буд, ки дастаро комил кардан лозим аст. Роҳбарияти «Реал Мадрид» бо Анчелотти розӣ набуд.

Анчелотти медонад, ки агар клуб дар ин мавсим ҷоиза нагирад, дар "Реал Мадрид" намемонад.

«Реал Мадрид» дар бозӣ барои Суперҷоми Испания аз «Барселона» шикаст хӯрд ва дар нахустин даври ниманиҳоии Ҷоми Испания ҳам мағлуб шуд. Дар бозии аввали даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо «Реал» бар «Ливерпул» пирӯз шуд (5:2).

«Реал Мадрид» дар Ла Лига дувум аст ва аз пешсаф «Барселона» 9 хол кам дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив