“Реал Мадрид” дар финали Суперҷоми Испания бар тими “Атлетик Бильбао” пирӯз шуд.
Ин 12-умин пирӯзии “Бошгоҳи шоҳона” дар ин мусобиқот ба ҳисоб меравад. Ёдовар мешавем, ки «Барселона» бештар Суперҷомро соҳиб шудааст. Каталониҳо 13 маротиба дар ин мусобиқа ғолиб омаданд.
"Атлетик" се бор Суперҷомро ба даст овардааст. Атлетико Мадрид, ки дар даври ниманиҳоӣ аз баскҳо шикаст хӯрд, дар ҳисоби худ ду пирӯзӣ дорад.
Бозии «Атлетик» - «Реал» бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи шогирдони Карло Анчелотти анҷом ёфт. Голҳои Лука Модрич ва Карим Бензема ба “Реал” ғалаба овард.