LIVE

Ҳаёт ва фаъолияти Вирҷил Ван Дейк

Муҳофизатгари  нотакрори ҳолландӣ Вирҷил Ван Дейк 8-уми июни соли 1991 дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Падараш Рон ван Дейк устои телевезион ва модараш Холлен Фо Сиу корманди ҳарбӣ мебошанд.  
Ба бахти бади Ван Дейк дар 12 — солагияш падару модараш аз ҳам ҷудо мешаванд ва Вирҷил бо хоҳару бародараш ҳамроҳи модарашон зиндагиро ихтиёр мекунанд. Ҳарчанд падараш Ван Дейк ва оилаашро дар хурдӣ тарк карда бошад ҳам, аммо ӯ имрӯз дар майдон бо номи падараш ҳунарнамоӣ мекунад, ки ин амал садоқат ба наздиконро нишон медиҳад.

КОРНОМАИ ВАРЗИШИИ ВАН ДЕЙК

ВирҶил баъд аз хатми Академияи футболи “Гронингем” шомили дастаи “Виллем II» гардид ва корномаи варзишиаш маҳз аз ҳамин даста оғоз меёбад. 1-уми апрели соли 2011 ӯ аввалин маротиба дар дастаи ҷадидаш вориди майдон гардид ва ҳамагӣ 28 дақиқа муқобили дастаи “АДО Ден Хаг”  ҳунарнамоӣ намуд. Аввалин голи худро Ван Дейк 30-уми октябр муқобили дастаи “Фейеноорд” ба самар расонид, ки ин оғози муваффақияти нобиғаи ҳолландӣ ба ҳисоб мерафт.
Соли 2013 хабарҳое паҳн шуданд, ки гӯё Ван Дейк ба  дастаи англисии “Эвертон” гузариш мекунад, вале баъзе аз хабарнигорон эҳтимоли зиёди пайвастани ӯро ба дастаи «Куинз Парк Рейнҷерс” тахмин мекарданд. Худи Ван Дейк бошад, на ину на он, балки дастаи “Селтик” –ро интихоб намуд. Вирҷил бо ин даста шартномаи 4 — солаи ҳамкорӣ  баст, вале танҳо ду сол дар ин даста бозӣ карду халос. Футболбози ҳолландӣ дар ҳайати “Селтик” 76 маротиба ба майдони сабз баромада, 9 голро низ таслими дарвозаи рақиб намудааст. Соли 2015 дастаи англисии “Саутгемптон” Ван Дейкро ба ҳайати худ ҷалб намуд ва ӯ маҳз дар ҳамин даста ба авҷи шуҳрат расид, ки ин шону шуҳрат диққати абардастаҳои Аврупоро ба истилоҳе “Деви” футбол ҷалб намуд.

ЛИВЕРПУЛ ДАСТАИ РУЁҲО

Маҳорату малакаи нотакрори ин ҳимоятгарро дида бузургтарин дастаи англисии “Ливерпул” муддаии асосӣ барои харидории ӯ ба ҳисоб мерафт ва тавонист бо маблағи рекордии 75 млн. эвро Ван Дейкро ба дастаи худ ҷалб намояд. То гузаштани Гарри Магуайр аз “Лестер” ба “Манчестер Юнайтед” ( 5-уми августи соли 2019, 80 млн фунт). Вирҷил дар таърихи футбол гаронарзиштарин ҳимоятгар ба ҳисоб мерафт. Мавсими солҳои 2018-2019 барои Ван Дейк бобарортарин ва хотирмонтарин мавсим ба ҳисоб мерафт, зеро ӯ бо ҳайати “Ливерпул” тавонист Лигаи Чемпионҳо ва Суперҷоми Аврупоро ба даст орад. Инчунин,  дар ин мавсим аз ҷониби УЕФА Ван Дейк беҳтарин футболбози сол эътироф гардид ва дар ҳоли ҳозир муддаии асосии тӯби тиллоӣ низ ба ҳисоб меравад.

БЕҲТАРИН ДАСТОВАРДҲОИ ВАН ДЕЙК

Беҳтарин дастовардҳои Ван Дейк дар фаъолияти футболбозиаш: Бозингари сол дар ҳайати “Селтик” солҳои 2013-2014, беҳтарин бозингари сол дар ҳайати “Саутгемтон” 2015-2016,  бозингари сол дар ҳайати “Ливерпул” 2018-2019, беҳтарин ҳимоятгари Лигаи Чемпионҳо 2018-2019 ва баҳтарин футболбози Аврупо дар соли 2019 ба ҳисоб мераванд.

Next Post

Комментарии 1

مبرك
مبرك от 9 октября 2019 22:07
Худо ай ида зиёдш кна!

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив