LIVE

“Ливерпул” шикастнопазир аст...

Бозии нахусти мавсими ҷадид дар варзишгоҳи “Энфилд”-и шаҳри Ливерпул миёни дастаҳои “Ливерпул” ва “Норвич Сити”  баргузор гардид. Беҳтарин дастаи Аврупо, “Ливерпул” бар ҳарифи худ, ки пас аз 3 мавсими пурмашаққат дар Чемпионшип дигарбора ба премйер-лигаи Англия баргашт раҳм накард ва бо ҳисоби 4-1 ғалаба намуд. Голҳоро барои бошгоҳи “Ливерпул” дар ин дидор Грант Ҳенли (дақиқаи 7-ум,худгол), Муҳаммад Салоҳ (дақиқаи 19-ум), Вирҷил ван Дейк ( дақиқаи 28-ум), ва Дивок Ориги (дақиқаи 42-юм) ба дарвозаи рақиб заданд. Голи ягонаи дастаи “Норвич Сити”-ро ҳамлагари асосии ин даста Теэму Пукки (дақиқаи 64-ум) ба номи худ сабт намуд. “Ливерпул”, ки мавсими гузаштаро дар “Энфилд” бидуни бохт пушти сар карда буд анъанаашро дар мавсими нав   низ идома дода аввалин бозиашро натанҳо бидуни бохт, балки бо пирӯзи шуруъ намуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив