LIVE

Муаррифии Родриго дар "Сантяго Бернабеу"

Дирӯз футболбози бразилӣ Родриго Гоис ба сафи дастаи шоҳонаи "Реал Мадрид" пайваст. Барои муаррифии ӯ дар Сантяго Бернабеу зиёда аз 2000 нафар ҷамъ омаданд. Номи пурраи ӯ, Родриго Силва де Гоис буда, 9 январи соли 2001 ба дунё омадааст. Ӯ аз 10 солагӣ дар академияи футболи "Сантос" ворид гашта, аввал дар футзал тамрин кардааст. Баъдан моҳи марти соли 2017 сармураббии дастаи "Сантос" Доривал Жуниор Родригоро ба ҳайати даста дар бозиҳои Ҷоми Либертадорес муқобили бошгоҳи "Спортинг Кристал" - и Перу ба майдон баровард. 21 июли соли 2017 Родриго аввалин қарордоди расмиро ба мӯҳлати 5 сол бо "Сантос" ба тасвиб расонд. Дар ҳамон сол, моҳи ноябр, Элано, муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сармураббии "Сантос" Родригоро ба ҳайати асосии даста шомил намуд. Аввалин бозии Родриго ҳамчун футболбози касбӣ дар ҳайати "Сантос" 4 ноябри соли 2017 буд, ки ба муқобили дастаи "Атлетико Минейро" дар Серияи А Бразилия ба майдон баромад. Аввалин голашро бошад, дар бозиҳои Лигаи Паулиста, 25 январи соли 2018 ба дарвозаи "Понте-Прета" дар дақиқаҳои охирини бозӣ ба самар расонидааст. 1 марти соли 2018, бори аввал  дар бозӣ бо "Реал Гарсиласо" дар доираи бозиҳои Ҷоми Либертадорес ба майдон баромад, ки он замон ҳамагӣ 17 солаву 50 рӯза буд ва бо ин омор, ҷавонтарин бозингар дар таърихи "Сантос" дар Ҷоми Либертадорес гардид. 15 марти ҳамон сол бошад, аввалин голашро дар Ҷоми Либертадорес ба муқобили "Насионал" аз кишвари Уругвай ба самар расонда, ҷавонтарин футболбози бразилие гашт, ки дар Ҷоми Либертадорес гол задааст. Ӯ он ҳангом 17 солаву 2 моҳаву 6 рӯз дошт. Аввалин голашро дар чемпионати Бразилия, 14 апрели соли 2018 ба муқобили дастаи "Сеара" аз Серияи А ба самар расонд.
"Реал Мадрид" ин футболбози ояндадори бразилиро 15 июни соли 2018 аз "Сантос" барои қарордод бастан ва ба дастаи шоҳона гузаштан, муваффақ гашта, 18 июн, дирӯз расман ба ин бошгоҳи машҳури олам пайваст. Маблағи гузариши трансферии Родриго 45 миллион евроро дар бар мегирад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив