LIVE

«Ман Сити» бар ивази 50 млн евро бозигари ӯзбекро харидорӣ мекунад

«Манчестер Сити» баҳри дифоъгари 20-солаи бошгоҳи фаронсавии “Ланс” ва тими миллии Ӯзбекистон Абдуқодир Хусанов мароқ зоҳир кардааст. Дар ин бора хабарнигори Sky Sport Germany Патрик Бергер дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter) хабар дод.
Ба иттилои манбаъ бошгоҳи инглисӣ бо назардошти мукофотпулӣ ба бошгоҳи фаронсавӣ ба маблағи 50 миллион евро пешниҳод кардааст. Худи Хусанов интизори гузариш ба «Манчестер Сити» аст ва интизор аст, ки ба ӯ шартномаи дарозмуддат пешниҳод мекунад.
Хусанов аз соли 2023 дар тими «Ланс» бозӣ мекунад. Мӯҳлати шартномаи бозигар бо ҷониби Лигаи якум то соли 2027 мебошад.   Мавсими имсола Хусанов дар ҳайати «Ланс» дар тамоми мусобиқаҳо 16 бозӣ анҷом дода, як партофти головар дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив