Бошгоҳи «Барселона» ният дорад тамоми чораҳои заруриро биандешад, то бо ҳимоятгари 23-солаи канадагӣ Алфонсо Дэвис, ки мӯҳлати шартномааш бо «Бавария» тобистони соли 2025 ба охир мерасад, қарордоди корӣ имзо намояд. Дар ин бора хабарнигори испанӣ Фернандо Поло дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter) хабар додааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ Реал Мадрид чанд моҳ боз бо ҳимоятгари тими мюнхенӣ робита дорад ва то ҳол дар мубориза барои ин бозигар пешсаф аст, вале миёни тарафҳо ҳанӯз дар самти гузаришӣ коре анҷом нашудааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки худи футболбоз тасмими ниҳоиро дар бораи тамдид накардани шартномаи худ бо бошгоҳи мюнхенӣ қабул кардааст ва барои пайвастан ба «Реал Мадрид» нигоҳи мусбӣ дорад.
Мавсими имсола футболбози канадагӣ дар ҳашт ширкат карда, як партофти головар анҷом додааст. Нархи тахминии бозигар тибқи фарзияи Transfermarkt 50 миллион евро аст.