LIVE

«Реал» бо Алфонсо Дэвис дар мавриди гузариш ба мувофиқа расид

«Реал»-и  Мадрид амалан ба мувофиқаи пурра оиди шартҳои шахсии қарордоди корӣ бо дифоъгари самти чапи 23-сола   «Бавария» Алфонсо Дэвис расида тавонист. Дар ин бора AS хабар медиҳад.
Тибқи маълумоти сарчашма танҳо корҳо оиди дуруст кардани чанде аз ҷузъиётҳои қарордоди корӣ боқӣ мондааст. Вале бар замми ин «бланкос» айни ҳол бо «Бавария» оиди арзиши гузариши бозигари 23-сола ба мувофиқа нарасидаанд. «Реал» омодаи пешниҳоди маблағ дар ҳаҷми 25-30 млн евро ба мюнхениҳо мебошад.   «Бавария» дар навбати худ Дэвисро   50 млн евро нарх кардааст.
Ёдрас мекунем, ки мавсими ҷорӣ Дэвис 31 маротиба дар ҳамаи мусобиқаҳо ба майдон омада, як голу се партофти голӣ ба омор гирифтааст. Қарордоди кории бозигар бо тимаш то соли 2025 мебошад. Тибқи иттилоъи сомонаи Transfermarkt  арзиши бозории футболбоз  60 млн евро мебошад.
Сарчашма: “ Чемпионат”

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив