LIVE

"Реал" барои Асенсио 30 млн евро талаб дорад

"Реал" ният дорад аз ҳисоби нимҳимоятгар Марко Асенсио 30 миллион евро ба даст орад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки Асенсио 26-сола ба далели афзоиши рақобат барои ҷой дар ҳайати асосӣ метавонад тими испаниро тарк кунад. Шартномаи феълии Марко Асенсио тобистони соли 2023 ба охир мерасад. Хабар дода мешуд, ки шартҳои пешниҳодкардаи “Реал Мадрид” ба футболбоз мувофиқ набуд ва ӯ метавонад тобистони соли оянда ҳамчун агенти озод дастаи мадридро тарк кунад. Футболбози испанӣ дар мавсими гузашта дар ҳайати “Реал Мадрид” дар тамоми мусобиқаҳо 42 бозӣ анҷом дода, 12 гол ва 2 партофти головар кардааст. Transfermarkt арзиши бозори бозигари 26-солаи испаниро 40 миллион евро арзёбӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив