Абардастаҳои испанӣ аз зумраи “Реал Мадрид” ва “Барселона” нисбати ҳимоягари “Байер”-и Леверкузен Ҷонатан Та таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд, хабар медиҳад рӯзноманигор ва инсайдер Кристиан Фолк дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter).
Ба иттилои манбаъ «Реал» аллакай бо намояндагони ҳимоятгар, ки шартномааш бо «Байер» то тобистони соли 2025 амал мекунад, гуфтушунид кардааст. «Барселона» низ омода аст, ки марҳилаи нахусти гуфтушунидҳоро доир кунад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан нисбати ин бозигар "Бавария" таваҷҷӯҳ зоҳир мекард, аммо ҳоло тими мюнхенӣ дар мубориза барои бозигар пешсаф нест.
Ҷонатан Та тобистони соли 2015 аз “Гамбург” ба “Байер”-и Леверкузен гузариш анҷом дода буд. Мавсими ҷорӣ футболбоз дар ҳайати бошгоҳи олмонӣ чаҳор бозӣ анҷом додааст. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбози 28-солаи «Байер Леверкузен» 30 миллион евро аст.