LIVE

Интихоби Флориан Вирс аз миёни "Бавария" ва "Реал"

Нимҳимоягари "Байер"  Флориан Виртс фаъолияти варзишии хешро метавонад дар сафи "Бавария" идома диҳад.
Тибқи иттилои Sky Sports Виртс эҳтимолан   тобистони соли 2025 аз “Байер”-и Леверкузенро тарк мекунад. “Бавария” аллакай бо футболбози 21-сола гуфтушунид кардааст. Қайд карда мешавад, ки худи футболбоз мехоҳад, ки   дар “Бавария” нерӯсанҷӣ намояд ва пас аз фаъолияти худ дар Мюнхен  ба тимҳои берун аз кишвар равад.
Қаблан маълумот дар бораи таваҷҷӯҳи “Реал Мадрид” ба Виртс зиёд буд.
Флориан Виртс аз моҳи январи соли 2020 дар системаи “Байер” буда, мӯҳлати шартномаи феълияш то соли 2027 мебошад.   Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt  арзиши бозории футболбоз 130 миллион евро аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив