Нимҳимоягари "Байер" Флориан Виртс таҳти таваҷҷӯҳи "Бавария" қарор гирифтааст.
Тавре рӯзноманигор Максимилиан Кох дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳад, даста аз шаҳри Мюнхен интизор аз он дорад, ки нархи футболбоз тобистони соли 2025 ба ҷои 150 миллион евро, ки ҳоло “Байер” барои ӯ талаб мекунад, то 100 миллион евро поин хоҳад рафт. Ба роҳбарияти "Бавария" Виртс хеле писанд аст. Қобили қайд аст, ки нисбати Флориан "Реал" низ мароқ зоҳир карда буд.
Виртс аз моҳи январи соли 2020 дар системаи “Байер” қарор дошта, шартномаи феълияш то соли 2027 мӯҳлат дорад. Мавсими ҷорӣ ӯ дар 8 бозӣ 7 голу 2 партофти голӣ ба номаш мӯҳр задааст.
Тибқи маълумоти портали Transfermarkt арзиши бозории футболбоз 130 миллион евро аст.