«Манчестер Сити» нисбати бозигари мунтахаби Ӯзбекистон ва дифоъгари бошгоҳи фаронсавии «Ланс» Абдуқодир Хусанов таваҷҷӯҳ кардааст, дар ин хусус инсайдер Фабрисио Романо дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии X иттилоъ медиҳад.
Ба иттилои манбаъ «Манчестер Сити» футболбозро дар моҳи январ ба рӯйхати бозигарони эҳтимолии мавриди харидорӣ шомил карда буд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки нисбати Хусанов як қатор абардастаҳои дигар таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд.
Хусанов аз соли 2023 дар тими «Ланс» бозӣ мекунад. Мӯҳлати шартномаи футболбоз то соли 2027 мебошад.
Мавсими имсола Хусанов дар ҳайати «Ланс» 16 бозӣ анҷом дода, як партофти головар дорад.