LIVE

"Барселона", ПСЖ ва "Бавария" нисбати Маркус Рэшфорд таваҷҷӯҳ доранд

Як қатор дастаҳои бонуфузи аврупоӣ нисбати 27-солаи «Манчестер Юнайтед» Маркус Рэшфорд таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд, хабар медиҳад Caught Offside.
Ба иттилои манбаъ «Барселона», «ПСЖ» ва «Бавария» имкони харидории ҳамлавари «Манчестер Юнайтед»-ро меомӯзанд ва гуфта мешавад, ки  каталониҳо довталаби асосӣ нисбати харидории ин бозигар мебошанд. Гуфта мешавад, ки "блаугранас" мехоҳад тобистони соли 2025 Рэшфордро харидорӣ кунад ва интизор меравад, ки то ин вақт арзиши футболбоз  то андозаи камтар аз 40 миллион евро поин хоҳад рафт.
Пештар хабар дода мешуд, ки “маникунаниҳо” омодаи баррасии пешниҳод бар ивази 40 миллион фунт стерлинг (48,5 миллион евро) бар ивази Рэшфорд мебошанд. Мавсими ҷорӣ ҳамлагар дар ҳайати “Манчестер Юнайтед” дар 24 бозӣ дар тамоми мусобиқаҳо баромад намуда, муаллифи 7 гол ва 3 партофти головар шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив