Сармураббии “ПСЖ” Луис Энрике дигар ба ҳамлагари 26-сола Рандал Коло Муани таваҷҷӯҳ надорад ва рафтани бозигар дар моҳи январ аз бошгоҳи фаронсавӣ бо эҳтимоли зиёд амалӣ мегардад, хабар медиҳад рӯзноманигор Фабрисио Романо дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter).
Қаблан дар расонаҳо маълумоте пайдо шуда буд, ки Коло Муани метавонад ба «Манчестер Юнайтед» ё «Монако» гузарад.
Мавсими имсола Коло Муани 14 бозӣ дар ҳама мусобиқаҳо гузаронида, ду гол ва як ассист кардааст. Мӯҳлати шартномаи бозигари мунтахаби Фаронса то соли 2028 мебошад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбоз 30 миллион евро аст.