LIVE

«Манчестер Юнайтед» нисбати ҳамлавари “ПСЖ” Коло Муани тавваҷҷӯҳ дорад

Бошгоҳи «Манчестер Юнайтед» нисбати ҳуҷумкори «Пари Сен-Жермен»  Рандал Коло Муани мароқ зоҳир кардааст.  Дар ин бора рӯзноманигор Кристофер Мишел дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter) хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, «девони сурх» ба эҳтимоли зиёд метавонанд дар равзанаи зимистонаи шартномаи пешакӣ имзо намоянд. Қаблан Коло Муани гуфта буд, ки дар фикри рафтан аз бошгоҳи фаронсавӣ нест. Гуфта мешавад, ки нисбати ҳҷумкунандаи “ПСЖ” дастаҳои дигар низ зиёд тавваҷҷӯҳ мекунанд. 
Мавсими ҷорӣ  Коло Муани  12 бозӣ гузаронида, муаллифи ду гол шудааст. Мӯҳлати шартномаи феълии бозигар то соли   2028 мебошад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбози 25-сола 40 миллион евро аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив