Нимҳимоягари 21-солаи бошгоҳи "Барселона" Педри оидди тамдидкунни шартнома гуфтушунидҳо дорад. Дар ин бора рӯзноманигор Фабрисио Романо дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter) хабар дод.
Ба иттилои манбаъ ҳардуи ҷонибҳо ният доранд, ки мӯҳлати шартномаи меҳнатиро тамдид кунанд. Бошгоҳи каталонӣ Педриро ҷузъи муҳими лоиҳаи худ мешуморад.
Мӯҳлати шартномаи феълии Педри бошад то соли 2026 амал мекунад.
Мавсими ҷорӣ нимҳимоятгар 13 бозӣ дар тамоми мусобиқаҳо ширкат карда, 3 гол ва 2 партофти головар дар номаш дорад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбоз 80 миллион евро аст.