Бошгоҳҳои Премер-лигаи Англия ва Серияи А-и Италия нисбати бозигари 24-солаи «Манчестер Юнайтед» Антони таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Дар ин бора рӯзноманигор Акрам Конур дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Твиттер) хабар дод.
Қаблан дар расонаҳо оиди омодагии «девони сурх» дар мавриди фурӯши футболбози бразилӣ ба маблағи 40 миллион фунт стерлинг (47,9 миллион евро) маълумот пайдо шуда буд.
Мавсими имсола Антони дар чор бозии ҳамаи мусобиқаҳо ширкат варзида, як гол ҳам задааст. Мӯҳлати шартномаи футболбоз то соли 2027 амал мекунад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории ин бразилӣ 20 миллион евро аст.