LIVE

«Манчестер Сити» арзиши ҳамлавари аргентинияшро муайян кард

Хабарнигори маъруф Фабрисио Романо дар бораи эҳтимоли рафтани ҳамлагари аргентинии "Манчестер Сити" Хулиан Алварес аз бошгоҳи инглисӣ изҳори назар кард.
«Бо эҳтимолияти зиёд ин ҳамлавари аргентинӣ аз сафи “шаҳриён” меравад. Онҳо бар онанд, ки ӯро бар ивази 75-80 миллион евро ба клуби ғайриинглисӣ фурӯшанд"- гуфтааст рӯзноманигор Фабрисио Романо дар саҳифаи иҷтимоии хеш.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки нисбати ин ҳамлагар "Атлетико Мадрид" таваҷҷӯҳ дорад.
Мавсими гузашта Алварес   54 бозӣ дар тамоми мусобиқаҳо гузаронида, 19 гол ва 13 партофти ба номаш дорад. Шартномаи кории ин футболбози 24-сола бо бошгоҳи англисӣ то тобистони соли 2028 амал мекунад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt, арзиши бозории футболбоз 90 миллион евро аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив