"Манчестер Сити" ба футболбози дастаи "Манчестер Юнайтед" - Пол Погба мароқ соҳир намудааст. Ба иттилои манбаъ, «Шаҳриҳо» метавонанд бо футболбози фаронсавӣ ҳамчун агенти озод шартнома банданд. Дар ин миён худи бозигар низ мақсади ҳамкорӣ бо сармураббии «Манчестер Сити» - Хосеп Гвардиоларо дорад.
Интизор меравад, ки "Манчестер Сити" ба футболбози фаронсавӣ шартномаи чорсола бо имкони тамдиди як мавсими дигар пешниҳод мекунад.
Шартномаи Пол Погба бо «Манчестер Юнайтед» охири мавсим ба анҷом мерасад. Ба гуфтаи Ралф Рангник, футболбоз шартномаи худро тамдид карданӣ нест. Мутахассиси олмонӣ гуфтааст, ки нимҳимоятгар ба далели ҷароҳати бардоштааш ар муқобили “Ливерпул” (0:4) дигар дар ҳайати даста бозӣ намекунад.
Погба дар ин мавсим бо «Манчестер Юнайтед» 20 бозӣ анҷом дода, ба задани 1 гол зада, 9 партофти головар намудааст.