LIVE

"МЮ" ҷойгузини Пол Погбаро ҷустуҷӯ дорад

Ҳанӯз маълум нест, ки нимҳимоятгар Пол Погба, ки қарордодаш бо «Манчестер Юнайтед» тобистон ба анҷом мерасад, фаъолияти худро дар кадом даста идома медиҳад ё не. 

«Манчестер Юнайтед» то ҳол боварӣ дорад, ки футболбози фаронсавӣ тобистон дастаро тарк мекунад. Манбаъҳои наздик ба бозигар мегӯянд, ки ӯ намехоҳад бо Юнайтед шартномаи нав имзо кунад. Бо вуҷуди бозии хубе, ки нимҳимоятгар таҳти роҳбарии Ралф Рангник нишон медиҳад, вазъият тағйир намеёбад, менависад  Evening News.

Пеш аз баргаштан ба майдон Погба бо Рангник сӯҳбати судманд дошт. Ҳоло фаронсавӣ худро дар «Манчестер Юнайтед» нисбат ба пештара хубтар ҳис мекунад. Юнайтед кӯшиш накард, ки сӯҳбатро дар бораи шартномаи нави Погба дубора баррасӣ кунад. Клуб аллакай нақша дорад, ки дар тобистон як нимҳимоятгари навро харидорӣ намояд.

Барои  идомаи ҳамкорӣ бо фаронсавӣ, «Манчестер Юнайтед» бояд дар мавсими оянда ба Лигаи Чемпионҳо роҳхат гирад. Ҳатто агар клуб ба Лигаи Чемпионҳо роҳ ёбад, бозингар он фактро ба назар хоҳад гирифт, ки ба «Манчестер Юнайтед» таҳдиди мавсими панҷум бидуни ҷоизаҳои пайдарпай таҳдид мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив