LIVE

"ПСЖ" дар талоши Пол Погба

Роҳбарияти "Пари Сен-Жермен" боварӣ дорад, ки  метавонад "Манчестер Юнайтед"-ро барои ба 43 миллион фунт стерлинг фурӯхтани нимҳимоятгар Пол Погба розӣ созад. Тибқи иттилои Daily Mail, парижиҳо мехоҳанд дастаро бо як  ситораи дигар мустаҳкам кунанд ва омодаанд барои гузариши нимҳимоятгари фаронсавӣ бо "МЮ" ҳамкорӣ кунанд. "ПСЖ"  ба он умед бастааст,  ки Погба барои тамдиди шартнома бо "Манчестер Юнайтед" шитоб надорад ва созишномаи ҳозираи ӯ бо клуб тобистони оянда ба поён мерасад.

Бояд гуфт, ки байни "ПСЖ" ва "Манчестер Юнайтед" дар ин бора ҳанӯз гуфтушуниди расмӣ нашудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив